Таҷлили Рӯзи модар дар Вазорати корҳои хориҷӣ

05.03.2021 13:24

5 марти 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки имрӯзҳо модарону бонувони мо бо кору фаъолияти худ дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд ва рисолати иҷтимоии худро бомуваффақият иҷро менамоянд.

Зимнан изҳор гардид, ки дар низоми хидмати дипломатӣ низ бонувони тоҷик ҳузури фаъол дошта, дар фароянди пиёдасозии сиёсати берунии кишвар саъю талоши назаррас доранд.

Дар поёни ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи модар гурӯҳе аз бонувони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи фармоишҳои Вазир ба мансабу рутбаҳои навбатии дипломатӣ сазовор гардиданд.

4 Mothers Day 05 03 2021.jpg

1 Mothers Day 05 03 2021.jpg

3 Mothers Day 05 03 2021.jpg

IMG-20782-kopiya-05-03-21-18-40.jpg

Нигористон

Тақвим