Мулоқоти Сафир бо Раиси Маҷлиси миллии Афғонистон

22.04.2021 14:49

19 апрели 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Мишрону Ҷирга (Маҷлиси миллӣ)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Фазлҳодӣ Муслимёр баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Афғонистон бо ишора ба ҳамсоягии нек ва равобити густарда миёни Тоҷикистон ва Афғонистон иброз намуд, ки аз мардум ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст, зеро ҳамеша дар талоши хатми ҷанги Афғонистон буданд. Вай муносиботи ҳасанаи ду кишвари бародарро барои якдигар бисёр арзишманд хонд.

Сафир қайд кард, ки ташкили Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ, фаъол намудани муносибатҳои байнипарлумонӣ ва табодули боздидҳо байни гурӯҳҳои дӯстӣ аз омилҳои муҳимми таҳкими муносибот миёни ду кишвари дӯсту бародар ба ҳисоб мераванд. Пешниҳод шуд, ки анъанаҳои таҳкими равобити густарда миёни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Афғонистон ривоҷ ёбанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg