21 апрели 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири маодин ва нафти Афғонистон Муҳаммадҳорун Ҷаҳонсурӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Вазорати саноат ва технилогияҳои нав, Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Вазорати маодин ва нафти Афғонистон дар самти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, канданиҳои фоиданок, нафту газ, сангу филизоти қиматбаҳо ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.