Дар робита ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон №12-р аз 21 майи соли 2021, ки бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар тариқи қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ намоянд.
Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд