Намоиши осори таърихии ниёгони тоҷикон дар Гимей - Осорхонаи санъати Шарқи Париж

12.10.2021 13:08

 001742.jpgАз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 дар Осорхонаи Гимеи Париж намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ зери унвони "Тоҷикистон - кишвари обҳои тиллоӣ" баргузор мешавад.  Зиёда аз 210 экспонатҳои Осорхонаи  миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, ки қисми зиёди онҳо боре ҳам ҳудуди Тоҷикистонро тарк накардаанд,  тӯли 3 моҳ толорҳои ин осорхонаи машҳури Парижро оро хоҳанд дод. Руйхати нигораҳо аз ҷониби мутахассисони  ҳар ду кишвар таҳия гардидаанд.

Осорхонаи Гиме имрӯз яке аз бузургтарин осорхонаҳои осиёии бадеӣ ва берун аз ҳудуди Осиё қарордошта мебошад. Ин бузургтарин маҷмӯаи аврупоии нигораҳои фарҳангу тамаддуни  Шарқ буда, тӯли солҳои дароз аз Хитой, Япония, Ҳиндустон ва Корея ҷамъоварӣ шудаанд.  Таърихи бунёди осорхона замоне оғоз гардид, ки сайёҳи фаронсавӣ Эмил Гиме бо назардошти таваҷҷуҳи беандозаи худ нисбати фарҳангу тамаддуни дигар халқиятҳо дар заминаи коллексияи шахсии нигораҳои шарқӣ муассисаи хурди фарҳангӣ таъсис дод. 

Осорхонаи миллии Тоҷикистон макони асосии ҷамъоварии ёдгориҳо ва ашёҳои фарҳангии кишвар аст. Он 12 августи соли 1934 таъсис дода шуда, 27 ноябри соли 1999 мақоми миллиро касб кард.  Соли 2013 осорхона ба бинои нав кӯчид, ки тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, масоҳати он 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Айни замон осорхона аз 22 толорҳои хурду бузурги намоишӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, шӯъбаи муаррифи табиат, давраи қадим ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ.  Соли гузашта портали сайёҳии ТурСтат Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба даҳгонаи беҳтарин осорхонаҳои Россия ва ИДМ барои ташриф ва экскурсияҳои виртуалӣ ворид намуд. Масоҳати намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба 15 ҳазор м² баробар мебошад.  Дар осорхонаи нав шумори нигораҳо аз 50000 номгӯй зиёд аст. 

Осорхонаи милии бостоншиносии Тоҷикистон соли 2001 дар заминаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнография ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст. Асоси намоишгоҳи Осорхонаро маводҳои дар давоми шаст соли фаъолияти экспедитсияҳои бостоншиносии Институт бадастомада ташкил медиҳанд. Маҷмӯаи он аз наздики панҷ ҳазор намунаҳои нодири сафол, маҳсулоти аз санг ва фулузоту шиша сохташуда, маснуоти заргарӣ, ашёҳои маишӣ, ҳайкалтарошӣ ва санъат иборат мебошад. Инчунин, дар Анбори тиллоӣ-и осорхона ашёҳои нодир аз тилло сохташуда, инчунин тангаву сиккаҳо мебошад. Ин ҷо  даҳҳо ҳазор тангаҳои  тиллогиву нуқрагӣ ва биринҷиву мисӣ маҳфузанд.

Намоишгоҳ дар Осорхонаи миллии санъати шарқӣ давоми се моҳ баргузор мегардад.  Он имконияти хуби муаррифии фарҳанги бой ва қадими тоҷикӣ, рушд ва таҳкими равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад. То оғози пандемия ҳамасола зиёда аз 85 миллион сайёҳони хориҷӣ ба Фаронса ташриф меоварданд.  Намоишгоҳи Тоҷикистон метавонад ба афзоиши шумораи сайёҳони Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон мусоидат намояд. 

Маълумоти бештар: Tadjikistan. Au pays des fleuves d’or

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg