Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи минтақавии UNODC

09.11.2021 15:55

9 ноябри соли 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Митталро ба ҳузур пазируфт.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

20211109-093150-09-11-21.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg