Нишасти соҳибкории Тоҷикистон ва Австрия

06.11.2021 15:58

6 ноябри 2021 нишасти соҳибкории Тоҷикистон ва Австрия бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тоҷирону ширкатҳои хусусии ду кишвар ҷиҳати баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок баргузор гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар ростои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Австрия қайд намуд, ки таҳкими баъдии робитаҳои созанда байни намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамикунонӣ, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ, лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва дигар самтҳои ҳамшарикии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аҳаммияти махсус дорад. Ба ин мақсад, фаъол намудани абзорҳои нав ва муосири густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди ҳамоишҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои муштараки соҳавӣ амри зарурӣ мебошад.

Дар нишасти мазкур роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ва ширкату соҳибкорон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ намуда, дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо истифода аз зарфиятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намуданд.

Дар нишасти мазкур беш аз 60 намояндаи ширкатҳои ду кишвар иштирок карданд. 

Дар фарҷом ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда тасдиқ гардид.

IMG-3745-06-11-2021-13-10.jpg

IMG-3745-06-11-2021-13-10.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg