Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Австрия

06.11.2021 16:03

6 ноябри 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳартро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Ҳамсуҳбатон ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg