Мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон

11.02.2022 17:45

11 феврали соли 2022 дар Будапешт мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон Идибек Қаландар бо Сардори Раёсати Русия ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Сергей Сюч баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими он дар давраи гузашта баҳои баланд доданд ва ҳамчунин доир ба самтҳои имконпазири густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин ҷадвали баргузории чорабиниҳои муштаракро бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвар дар соли ҷорӣ муҳокима намуданд.

VKKH-Vengriya.jpg

VKKH-Vengriya-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg