Мулоқот дар Академияи дипломатии Маҷористон

11.02.2022 12:49

11 феврали соли 2022 дар Будапешт Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон Идибек Қаландар бо Сардори Департаменти Академияи Дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Адам Сюч мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат имкониятҳои татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатии  байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон имзошуда, аз ҷумла  ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Академияи дипломатӣ ва Маркази такмили ихтисоси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи академикӣ, ташкили давраҳои омӯзишии муштарак ва ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар навбати худ, А. Сюч нақшаҳои Академияи дипломатии Маҷористонро барои тавсеаи робитаҳо бо ҷониби тоҷикистонӣ муаррифӣ карда, мусоҳибон зарурати таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар ин самт таъкид намуданд.

Dipakademiya.jpg

Dipakademiya-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg