Намоиши филм бахшида ба 30-умин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистону Маҷористон

11.02.2022 17:53

11 феврали соли 2022 дар Будапешт, бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси равобити дипломатииТоҷикистону Маҷористон, дар Қасри синамои “Урания” асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистону Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии “Дарвеши ланг”ба намоиш гузошта шуд.

Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ аз мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.

Ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.

38d4b6ce-68c5-41f7-b45b-f6c35f22f6d1.jpg

b110ce06-aadc-4d33-80e6-ef94edbca1c9.jpg

d5874ddf-9298-41a6-be57-55a4a8bad758.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg