Нишасти тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми оби Душанбе

14.05.2022 01:43

13 майи соли 2022 дар Вазорат таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва ҳузури роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар Нишасти тадорукотию ташрифотии Гурӯҳи корӣ доир ба танзими Марафони ҷаҳонии об дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гардид, доир шуд.

Дар нишаст иштирокчиён доир ба раванди омодагӣ ба ташкили давраҳои марафон ва масирҳои он дар қаламрави Тоҷикистон дар ростои дастури Роҳбари Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе табодули андеша намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Марафони ҷаҳонӣ дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 марти соли 2022 оғоз гардида, то 22 марти соли 2023, яъне таърихи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Ню-Йорк давом мекунад. Қисмати марбут ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказии марафон дар моҳҳои май-июни соли ҷорӣ доир карда шуда, аз баҳри Арал то ба пиряхи Федченко дар Тоҷикистон мерасад ва дар шаҳри Душанбе дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе анҷом меёбад.

Ҳадафи марафон мусоидат ба расидан ба ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни обу иқлим бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мебошад.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

14,05,2022,10,48.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg