11 майи соли 2023 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҳамрализода Фаррух бо Уйгар Доюран – Президенти минтақаҳои афзоиши босуръат, Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистони ширкати “Honeywell International Inc” баргузор гардид.
Зимни мулоқот аз маркази технологии ширкат боздид карда, масъалаи ҳамкориҳои ширкати “Honeywell International Inc” ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.