Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

08.09.2023 18:11

Возможно, это изображение карта

Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ман аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон таманиёти беҳтаринро ба муносибати ҷашни 32-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон орзу дорам.
Шарикӣ байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшонтар барои халқҳои мо ва мардуми тамоми ҷаҳон мусоидат намуд. Ҳамроҳ мо кори худро дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм вусъат додем. Мо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дастгирии рушди иқтисодии фарогир дар ҳамбастагӣ кор кардем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешсафии Тоҷикистонро дар соҳаи иқлим, аз ҷумла кори Шуморо барои пешрафти таъмини амнияти обӣ, ки барои бехатарӣ ва инкишофи одамон дар ҳама ҷо масъалаи муҳим мебошад, дастгирӣ мекунад.
Дар давоми соли оянда ман умедворам, ки робитаҳо байни халқҳои мо боз ҳам таҳким меёбанд ва мо барои амалӣ намудани афзалиятҳои муштаракамон якҷо кор хоҳем кард. Ман ба Шумо иди миллии хурраму хурсандиоварро таманно дорам”. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg