Санаи 16 августи соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сафир бо ёвари Котиби давлатии ШМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Доналд Лу баргузор гардид.
Зимни вохӯрии мазкур ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ШМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯст минбаъд низ дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманди тарафҳо рушд хоҳад ёфт.