14 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Вашингтон чорабинӣ бахшида ба ҷашни сисолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА бо иштироки бевосита ва маҷозӣ роҳбарият ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи давлатии ШМА, сафири ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сафири ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон -ШМА, Институти сулҳ ва ҳамватанони муқими ШМА баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки чорабинӣ дар бинои Институти сулҳи ШМА (US Institute of Peace) баргузор гардида, дар баробари дар платформаи YouTube, шабакаҳои иҷтимоӣ мустаким пахш гардид ва доираи васеи иштирокчиён пайваст шуда буданд.