Табрикоти Президенти ШМА Ҷозеф Р. Байден ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

22.03.2023 10:57

Нет описания фото.17 марти соли 2023
Ҷаноби Олӣ
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе
Муҳтарам Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон,
Ман аз номи мардуми Амрико ба шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзро муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом ва сулҳу суботро таманно мекунам.
Тайи як соли охир Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои расидан ба ҳадафи муштаракамон, баҳри минтақаи амнтар ва шукуфонтар, қувваҳои худро муттаҳид карданд.
Дар ин мавсими мулоҳиза ва таҷдид, Иёлоти Муттаҳида бори дигар садоқати худро ба мардуми Тоҷикистон ва шарикии амиқтаршаванда, баҳри дастгирии амнияти мардуми ҳарду кишварамон, тасдиқ мекунад.
Дар соли оянда ман умедворам, ки шарикии байни кишварҳоямон ва дӯстии байни халқҳоямон амиқтар мешавад, зеро мо барои ояндаи осоишта ва шукуфони ҳама талош меварзем.
Наврӯз муборак бошад!
Бо камоли эҳтиром,
Ҷозеф Р. Байден

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg