8 сентябри соли 2022 ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони диаспораи тоҷик, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Вашингтон таҳсил ва фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро Мушовир Амирзода Пайрав ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Зимни суханронӣ аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мамадназаров Абдусалом, намояндаи диаспораи тоҷик Ҷонбилов Фирӯз суханронӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ барои иштирокчиён зиёфати идона ороста шуд.