16 апрели соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайт дар ҳошияи Нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Абдуллатиф бин Рошид аз-Зайёнӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Холид бин Ҳошил бин Муҳаммад ал-Маслаҳӣ мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқотҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Баҳрайн ва Умон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan