Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка

25.06.2020 01:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка 14 феврали 1992 барқарор шуданд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати ИМА дар Душанбе бунёд гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.

Равобит бо ИМА яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзӯоти мавриди назари ҷонибҳо пеш бурда мешаванд. Ҳамчунин, ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Масоили умдаи глобаливу минтақавӣ, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир низ аз ҷумлаи мавзӯоти рӯзномаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА мебошанд.

Дар рушди муносибатҳои ду кишвар сафарҳои расмии сатҳи баланд ва вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва ИМА, ки зимни он ҳолати пешрафти масъалаҳои рӯзномаи ҳамкории ҷонибҳо ва дурнамои онҳо баррасӣ мешавад, нақши муҳим доранд.

ИМА дар доираи барномаҳои бисёрсола барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталиф, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, амниятӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.

Пояи ҳуқуқиву қарордодӣ. То кунун тарафҳо 35 санадро дар соҳаҳои гуногун ба имзо расониданд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Машваратҳои солонаи сиёсӣ (Annual Bileterial Consultations) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар мавзӯоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ ва табодули андеша қарор мегиранд.

Ҳамкории Агентии рушди байналмилалии ИМА ва Тоҷикистон

Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (АРБИМА) аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, тавассути лоиҳаҳои гуногун ба рушди соҳаҳаи иқтисод, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ кумак мерасонад.

Барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-и АРБИМА ба деҳқонон дар афзоиш додани истеҳсоли зироатҳои серғизо саҳм гузоштааст. Дар бахши тандурустӣ аз соли 2003 АРБИМА барномаи мубориза бо эпидемияи ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон ва Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории силро дастгирӣ менамояд.

АРБИМА ба Тоҷикистон дар татбиқи манобеи барқароршавандаи энергия кумак намуда, барои мисол, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар Мурғоб як нерӯгоҳи офтобии 200 киловаттро насб кардааст.

АРБИМА ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба талошҳои Тоҷикистон дар амри рушди соҳа мусоидат мекунад. Соли 2022 Ёддошти тафоҳум оид ба амалисозии Барномаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ИМА ба имзо расид.

Ҳамкорӣ байни шаҳрҳо. 8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расидааст. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер оғоз гардида, соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Бо мусоидати шаҳри Боулдер дар шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе” бунёд шудааст.

Ҳамкории минтақавӣ бо ИМА. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар чорчӯби қолаби С5+1, ки равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро фаро мегирад, ҳамкорӣ доранд.

Дар доираи қолаби мазкур ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА сурат гирифта, масъалаҳои мубрами минтақавӣ муҳокима мешаванд. Абзори асосии пешбурди ҳамкориҳо дар доираи қолаби мавриди назар гурӯҳҳои кории иқтисодӣ, муҳити зист ва иқлим ва амниятӣ мебошад, ки ҷаласаҳои онҳо солона барпо мешаванд.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамоянд.

10.02.2023

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg