Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка

20.01.2026 21:47



20 январи соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо ёвари Вазири тиҷорати ШМА, Директори генералии Идораи тиҷорати хориҷии Иёлоти Муттаҳида Дэвид Фогел баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноатию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Штатхои Муттаҳидаи Америка, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Доналд Трамп дар моҳи ноябри соли 2025 таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg