Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Ситоди муттаҳидаи Гвардияи миллии Вирҷиния

13.03.2026 12:54

12 марти соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо роҳбари Ситоди муттаҳидаи Гвардияи миллии Вирҷиния генерали бригада Тодд Ҳаббард баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунӣ ва густариши ҳамкориҳоро байни Тоҷикистон ва ШМА дар самтҳои таъмини амнияти сарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, суботи минтақавӣ ва тақвияти иқтидори нерӯҳои ҳарбию марзӣ баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg