Иштироки Сафир дар чорабинии махсус дар мавзӯи «Соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ»

30.03.2019 02:30

29 марти соли ҷорӣ бо ибтикори Шӯрои тиҷоратии ШМА – Тоҷикистон, ширкати “Baker McKenzie” бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, намояндагони воломақоми ҳукумати ШМА, доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ-тадқиқотӣ чорабинии махсус дар мавзӯи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ барпо гардид.
Дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим иштирок ва суханронӣ намуд. Иштирокчиён имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои хешро муаррифӣ намуда, оид ба тадбирҳои ҳукуматҳои хеш дар минтақа дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ маълумот доданд. 
Сафири Тоҷикистон зимни баромади хеш оид ба ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди имкониятҳои тиҷоратии кишвар, ислоҳоти иқтисодӣ ва эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишварро таъкид намуд. 
Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади мусоидат ба ҷалби бештари сармоя ва ширкатҳои америкоӣ ба иқтисодиёти кишвар ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар, дар соли 2016 Шӯрои тиҷоратии ШМА - Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

56140473-2684906744869464-5247652271306571776-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg