Иштироку суханронӣ дар "Шоми фарҳанги исломӣ" дар шаҳри Екатеринбург
Шоми 27 марти соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар "Шоми фарҳанги исломӣ ва ризоияти байнидинӣ"--ба ифтихори Моҳи шарифи Рамазон--бо даъвати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Ҳоҷӣ Абдулкаримов иштироку суханронӣ намуд.
Ин чорабинии маънавию ахлоқӣ ва фарҳангию маърифатӣ, ки дар шакли нишасти ифторӣ ба зуҳур пайваст, дар "Кохи никоҳ"-и шаҳри Екатеринбург аз ҷониби Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск «Маркази фарҳангии доғистонӣ» муштарак бо Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия доир карда шуд.
Дар ин нишаст Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, мушовири Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Илья Захаров, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татьяна Мерзлякова, котиби иҷроияи Бахши маҳаллии верх-- исетии ҳизби сиёсии умумироссиягӣ "Единая Россия" Александр Коткин, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Ингушетия дар Ҳавзаи федералии Урал Куреш Аушев , муовини раиси Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Иброҳим Ёқубов, намояндагони маъруфи давлатию динии Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия, дигар меҳмонони фахрии ин чорабинӣ ширкат доштанд ва суханрониҳои самимии пурмуҳтаво карданд.
Дипломати тоҷик дар суханронии худ таваҷҷуҳи ширкаткунандагони "Шом"-ро ба ҷанбаҳои ахлоқии фарҳанги исломӣ, нақши ҷиддии мусбати дини мубини Ислом дар ҳифзу ҳиросати арзишҳои суннатии маънавию ахлоқӣ, таъмини ризоияти байнидинӣ ва байнимиллӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ ҷалб намуд.
Қабл аз суханронияш Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Ҳоҷӣ Абдулкаримовро бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз намуд.
Дар миёни иштироккунандагони "Шоми фарҳанги исломӣ ва ризоияти байнидинӣ" намояндагони ҷамъияти маҳаллии тоҷикон низ ҳузур доштанд.