Иқтисоди Тоҷикистон

26.01.2022 10:10

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

 

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021, сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва андешидани тадбирҳои зиддибӯҳронӣ дар соли 2021 устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Қайд бояд кард, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб меравад.
Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд.
Суръати рушди иқтисодиёт аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23,3 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз, мусофиркашонӣ 12,6 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 13 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, боркашонӣ 2,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 7,9 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 39,5 фоиз, аз ҷумла содирот 52,8 фоиз таъмин гардид. 
Дар соли 2021 сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (9,4 фоиз) 1,4 банди фоизӣ кам аст. 
Таваррум дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби 7,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, 7,5 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 11,3 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.
Рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 16,3 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард, 1,5 маротиба саноати истихроҷ, 15,2 фоиз таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 9,2 фоиз афзоиши таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2021 дар кишвар 20623,8 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба соли 2020-ум 853,3 млн.кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд таъмин гардид. 
Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 39,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 6,6 фоиз рушд ёфтааст, аз ҷумла дар ин давра соҳаи растанипарварӣ 5,9 фоиз ва чорводорӣ 8,4 фоиз рушд намудааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 аз 78 адад (39 лоиҳаи грантӣ, 7 лоиҳаи қарзӣ ва 32 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 42 млрд. сомонӣ (3,7 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад. 

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур аз оғози татбиқ то 1 январи соли 2022 15,4 млрд. сомонӣ (1,3 млрд. доллар) маблағҳо азхуд гардидааст.
Азхудкунии маблағҳо дар соли 2021 5,4 млрд. сомониро (481,2 млн. доллар) ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ ба 96 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Дар соли 2021-ум ба ҷумҳурӣ 718,3 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта  289,9 млн. доллар ё 1,7 баробар зиёд мебошад. 
Аз ҳаҷми умумии сармояҳои хориҷӣ 342,2 млн. долларро сармояҳои мустақим,  376 млн. долларро дигар сармояҳо ташкил медиҳад. 
Воридоти сармояҳои мустақим дар соли 2021-ум нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи  179,7 млн. доллар ё  2,1 баробар ва дигар сармояҳо  110,6 млн. доллар ё  141,7 фоиз зиёд шуд.
Сармояҳои мустақим асосан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан  56,9 фоиз, саноати коркард  9,9 фоиз,  сохтмон  2,1 фоиз ва ба дигар соҳаҳо  31,1 фоиз равона карда шудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар соли 2021 ба 14757,2 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,3 фоиз зиёд аст. 
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар соли 2021 ба 15111,8 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад. 
Аз ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пулакӣ 77,6 фоиз ё ба маблағи 11721,2 млн. сомонӣ ба аҳолии кишвар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2021 1,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли 2021 тавассути ҳамагуна нақлиёт 82 млн. тонна бор кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон дар ин давра бо ҳама намуди нақлиёт 737,1 млн. нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз афзоиш ёфтааст. 
Дар соли 2021 мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2021 6359,1 млн. долларро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, нисбат ба соли гузашта 39,5 фоиз ё 1801,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст. 
Дар соли 2021 содироти мол ба 2149,6 млн. доллар ва воридоти он ба 4209,5 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан содирот 742,7 млн. доллар ё 52,8 фоиз ва воридот 1058,6 млн. доллар ё 33,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 Федератсияи Россия (21,3 фоиз), Қазоқистон (18,5 фоиз), Швейтсария (14,4 фоиз), Хитой (13,2 фоиз), Ӯзбекистон (7 фоиз), Туркия (6,1 фоиз), Ҳиндустон ва Эрон (1,9 фоизӣ), Олмон (1,7 фоиз), Белгия (1,6 фоиз), Ҷопон (1,4 фоиз), Шветсия (1,1 фоиз) ва дигарон ба ҳисоб мераванд.
 

 

 

Сарчашма: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg