Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели 1992 барқарор шудаанд. Русия яке аз аввалинҳо шуда Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Заминаи рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар шароити рушди мустақилона Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар аз 8 апрели 1992 ташкил медиҳад.
4 майи 1992 дар Душанбе Сафорати Федератсияи Русия ифтитоҳ гардид. 8 июни 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия табдил шуда, 18 декабри 1993 дар асоси ин Намояндагӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ифтитоҳ шуд.
Айни замон, дар шаҳрҳои Москва, Санкт Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Русия фаъолият мекунад.
Аз 1992 то 2020 байни Тоҷикистону Русия беш аз 290 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд. Санадҳои асосии муносибатҳоро Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (25.05.1993) ва Шартномаи ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (16.04.1999) ташкил медиҳанд.
Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, Сарони ду кишвар нақши асосӣ доранд, ки ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарокати стратегиро касб кардаанд. Равобити сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд ба таври мунтазам роҳандозӣ мегардад.
27 феврали соли 2017 сафари расмии Президенти Федератсияи Русия В. Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни сафар 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
17 апрели 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар натиҷаи сафар 17 санади дуҷониба, аз ҷумла созишнома дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, кишоварзӣ, инчунин таъсиси “долони сабз” бо мақсади содагардонии ҷараёни амалиёти гумрукӣ дар гузаронидани бору маҳсулот, ба имзо расиданд.
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар тамосҳои доимӣ барқарор шудаанд. Аз соли 2008 вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии ҷонибҳо ва имзои барномаҳои ҳарсолаи ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадаанд.
Байни парлумонҳои ду кишвар ҳамкории фаъол роҳандозӣ шудааст. Сиғаи муҳимми ҳамкориҳои байнипарламентиро баргузории форумҳои байнипарлумонӣ “Русия-Тоҷикистон: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ” ташкил медиҳад. Нахустин форуми байнипарламентии мазкур 25 августи 2006 доир гардидааст. Дар 2018 дар Москва шашумин форуми байнипарламентӣ доир гардид, ки дар рафти он масоили мубрами таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҷиҳати такмили абзорҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла фароҳам намудани шароитҳои лозими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди кишварҳои ҳамдигар тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Русия дар тӯли ҳамкориҳои бисёрсола дар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон мавқеи пешсаф дорад.
Дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд. Намояндагони аҳли илму адаби ду кишвар ба таври доим дар чорабиниҳои илмию фарҳангие, ки дар Тоҷикистону Русия баргузор мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.
Шарокати стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳо заминаи мустаҳками тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мебошанд.
Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли 2021 сафари расмии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки он ба густариши шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.