Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар пойтахти уралӣ дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок кард

11.09.2024 12:08

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар пойтахти уралӣ дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок кард

11 сентябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуд. 

Чорабинии тантанавӣ дар Маркази екатеринбургии гимнастикаи бадеӣ ва эстетикӣ баргузор гашт. 

 Дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқаи байналмилалӣ ходими маъруфи арсаи варзиш дар бахши гимнастикаи бадеӣ Ирина Виннер, раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Бабушкина, муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов, сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ва дигар шахсон суханронии шодбошӣ карданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 600 варзишгари муваффақ аз Россия, Исроил, Қирғизистон, Арманистон, Таиланд, Словения, ИМА, Италия ва Сурия ширкат мекунанд.

mu-1.jpg

mu-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg