14 сентябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Машҳад Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ Муҳаммадризо Тавакуллизода мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сарягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир карданд. Ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Ҳамчунин дар рафти сафар роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбарияти Утоқи муштараки Тоҷикистону Эрон ва аъзои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар вохӯрӣ анҷом дод, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми суҳбат Н.Зоҳидӣ роҳбарияти утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.