Мулоқоти муовини вазир бо Директори Департаменти муколама ва гуногунии фарҳангии ИСЕСКО
13 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Нақши олимону донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддун исломӣ” мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух бо Директори Департаменти муколама ва гуногунии фарҳангӣ, Роҳбари Дафтари сафирони ИСЕСКО Халид Фаталраҳмон Омер баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба имконияти таҳким бахшидан ба равобити дуҷониба ибрози назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan