Мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем
Дар тамаддуни умумибашарӣ назири халқи тоҷикро ёфтан муҳол аст, ки бузургонаш ҳама, бидуни истисно, қисматҳои бузурге аз осори худро ба панду насиҳат дар боби ростӣ ва дурустӣ, некуӣ ва накукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, эҳсон ва мурувват, дӯстию рафоқат, ҳифзи обрӯ ва мавқеи инсонӣ бахшидаанд.
Бузургтарин шоҳкори адабиёти ҷаҳонӣ, ифтихори тоҷикон ва тамоми форсизабонон «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ бо ситоиши Хирад оғоз мегардад.
Чуноне ки Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст, «тамоми осори гузаштагони моро – аз «Авасто» сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Сайидою Дониш ва садҳо дигар – маҷмӯаи одобу ахлоқ номидан мумкин аст».
Бо дарназардошти нақши тарбияи ахлоқӣ дар ташаккули насли наврас ва ба шахсиятҳои комил, огоҳ, боодобу бофарҳанг ба воя расонидани онҳо, Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем».
Инсоният дар илму фановарӣ пешрафтҳои бузурге кардааст, вале барои дигаргунсозии шахсияти худи инсон низ бояд иқдомҳои бузурге ба амал оварда шаванд. Яъне ғановати маънавӣ барои комил шудани инсон бештар аз сарватҳои моддӣ аҳамият дорад. Ин иқдоми бузург ва ғановати маънавӣ ахлоқ аст. Зеро ахлоқ заминасози фарогирии дигар илму донишҳост. Бидуни шак, сабаби асосии фасоди ахлоқӣ, ки сояи сиёҳи худро бар тамоми ҷаҳон паҳн кардааст, нобаробарии рушди илму технология бо такомули ахлоқӣ аст. Бино бар ин, то замоне, ки дар ҷаҳон байни пешрафти илмиву фановарӣ ва камолоти ахлоқии инсон тавозун барқарор нашавад, наметавон интизор дошт, ки хатари заволи ҷомеаҳо бартараф шудааст.
Кӯдакон ва порнографияи интернетӣ
Кӯдакон дар ҳамаи гӯшаву канори дунё гурӯҳе ҳастанд, ки пеш аз ҳама дар робита бо таъсири зиддиахлоқии Интернет, бавижа дар масъалаи сӯистифодаи ҷинсӣ, мавриди таваҷҷуҳ ҳастанд. Бино бар ин, ҳарчи Интернет бештар тавсеа ёбад, кӯдакон бештар дар маърази маводу муҳтавои хатарноки он қарор мегиранд. Фаъолиятҳои ҷинояткоронаи марбут ба фаҳшои кӯдакон ва порнография, ки аз тариқи Интернет мавриди сӯистифода қарор мегиранд, акнун аз масъалаҳои доғ ба шумор мераванд.
Бар тибқи омори сарчашмаҳои гуногун, дар ҳар сония 28258 истифодабарандаи Интернет сайтҳои порнографиро тамошо мекунад; дар ҳар 39 дақиқа порновидеои наве сохта мешавад; 12 дарсади тамоми веб-сайтҳо порнографӣ мебошанд; ҳар рӯз дар Интернет 266 сайти нави порнографӣ пайдо мешавад; 9 нафар аз 10 кӯдаки аз 8 то 16-сола дар Интернет – ё тасодуфан ва ё ҳангоми дарси хонагӣ тайёр кардан – порнография тамошо кардаанд; тибқи таҳқиқоти агентии NetValue, кӯдакон бештар аз 64 дарсади вақти худро, нисбат ба сайтҳои бозӣ, ба тамошои сайтҳои порнографӣ сарф мекунанд; 62% волидайн аз ин, ки фарзандонашон метавонанд ба сайти номуносибе ворид шаванд, изҳори нигаронӣ намекунанд.
Имрӯзҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар ҷомеа посдошти кӯдакон аз хатарҳову осебҳост. Ва мавзӯе, ки бештар аз ҳар мавзӯи дигар боиси изтироби мардум аст, Интернет мебошад. Дастраспазирӣ ва аҳамияти омӯзишии Интернет аз ҷумлаи далелҳои калидӣ аст, ки дар саросари ҷаҳон давлатҳоро ба он водоштааст, ки ба насби шабакаҳои Интернет дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ иқдом ва ин гуна лоиҳаҳоро сармоягузорӣ намоянд. Бо ин ҳама, ҷомеаҳо аз дастёбии осони кӯдакон ба порнография пайваста дар ташвиш ҳастанд.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки масъулияти посдошти кӯдакон аз таъсири манфии Интернет, ба ҷуз падарону модарон, ҳамчунон бар уҳдаи омӯзгорон, мутасаддиёни китобхонаҳо ва интернет-кафеҳост. Онҳо бояд, бо насб кардани воситаҳои вижаи амниятӣ ба компютерҳо, дастрасии кӯдаконро ба пойгоҳҳои дорои маводу матлабҳои ғайриахлоқӣ пешгирӣ намоянд ва бо додани тавсияҳо кӯдаконро аз фиристодани бархе аз иттилоот, масалан, шумораи телефон, боздоранд. Яке аз имтиёзҳои воситаҳои вижаи амниятӣ ин аст, ки падарону модарон метавонанд – бар асоси синни балоғати кӯдак – тасмим гиранд то чӣ андоза бояд дастрасӣ ба иттилооти интернетиро маҳдуд созанд. Албатта, кӯдаконро низ бояд ёд дод, ки чӣ гуна худашонро аз таъсири манфии Интернет посдорӣ кунанд.
ТАРБИЯИ ФАРЗАНДИ НЕК
Ҷойгоҳи падару модар дар хонавода
Аз он ҷо ки асли вуҷуди ҳар инсоне аз падару модар аст, метавон гуфт, ки дар миёни пайвандҳои хешовандӣ ҳеҷ кас ба андозаи падару модар ба инсон наздик нест. Ин ду мавҷуди меҳрубон ба фарзандони худ аз даврони кӯдакӣ то замони тавонмандӣ ёрӣ мерасонанд ва ҳамаи имкониятҳои худро саховатмандонаву бериё нисори онҳо мекунанд. Бино бар ин, нақши ҳаётиву арзишманди падару модар дар парваришу рушди фарзанд бар касе пӯшида нест ва бар фарзандон лозим аст, ки ба қадри заҳматҳои падару модари худ бирасанд.
Падару модар дар тамоми дину мазҳабҳо ва таълимоти тарбиявии дунявӣ ҷойгоҳи вижа доранд ва аз эҳтирому гиромидошти бузург бархӯрдор ҳастанд. Ва бо ба таври пайваста зикр намудани мақому манзалати волои волидайн инсонҳоро талқин мекунанд, ки аз эҳтироми падару модар ва некӣ ба онҳо ба ғафлат намонанд.
Ҳар як аз падару модар дар сохтори оила аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдоранд. Онҳо бо таваҷҷуҳ ба мавқеияташон дар муҳити хонавода нақшҳои гуногун ва дар айни ҳол мукаммалро ифо мекунанд. Дар ҷойҳое ҳузури модар бузургтар ва дар мавридҳое ҳузури падар муассиртар аст. Ба ҳар ҳол онҳо метавонанд ба таври муштарак низ ба муносибатҳои оилавӣ таъсир гузоранд. Дар сохтори як хонаводаи комил, яъне хонаводаи ташкилшуда аз падару модар ва фарзандон, маъмулан падарон ноновари оила ҳастанд ва масъулияти таъмини хароҷоти рӯзгор ва ниёзҳои иқтисодии хонавода бар уҳдаи онҳо мебошад. Агарчи имрӯзҳо – ба иллати душвории зиндагӣ – занон низ дӯш ба дӯши мардон дар пӯшондани бахше аз хароҷотҳои зиндагӣ саҳм мегиранд, аммо мардон вақти бештареро дар кори ба даст овардани маош сарф мекунанд. Ин амр мумкин аст сабаби камаҳамият шудани робита миёни падарону фарзандон шавад.
Падар, ҳамчун намоди иқтидор дар оила, дар тарбияи равонию ахлоқии фарзандон нақши муҳим дорад. Падар метавонад роҳнамои фикрии хубе барои писар бошад. Ӯ метавонад писарро барои ифои нақшҳои мардона тарбия кунад. Бар пояи таҳқиқоти анҷомшуда аз ҷониби коршиносон, писарҳо аз синни сесолагӣ мекӯшанд рафтори худро монанди рафтори падар кунанд. Писар ба муҳаббати падар ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ бо ӯ ниёзманд аст. Падарон аз тамоили писарон барои тақлид кардан аз онҳо дар тарзи роҳ рафтан ва ё либос пӯшидан ва суҳбат кардан бояд истиқбол кунанд. Ин тақлидҳоро набояд накуҳиш кард. Тақлиди гуфтору рафтори падар мумкин аст ба ёдгирии арзишҳо ва анъанаҳои иҷтимоӣ анҷом гирад. Беҳтарин робитаи байни падару писар бар пояи дӯстиву самимият шакл мегирад. Робитаи наздик ва самимии писар бо падар ва ҳимоятҳои фикрии ӯ сабаб мешаванд, ки писар эҳсос кунад, ки аз такягоҳи устуворе бархӯрдор аст. Албатта, дар ин ҳимоятҳо набояд зиёдаравӣ шавад, зеро фарзанд шахсияти вобаста пайдо мекунад.
Робитаи падарон бо духтарон низ аз аҳамияти хосе бархӯрдор аст. Духтар марди ормониашро аз тариқи падар шиносоӣ мекунад. Рафтори падар бо ҳамсараш нақши зиёде дар нигоҳи духтар ба зиндагии муштарак дар оянда дорад. Духтароне, ки рафтори эҳтиромомези падар бо модарро дар хона мебинанд, аз издивоҷ ва ояндаи худ тасвири мусбате дар зеҳн хоҳанд дошт. Падарон метавонанд роҳнамои фикрии хубе барои духтари худ бошанд. Падар бояд ба духтар муҳаббат кунад, ӯро дӯст дорад ва ин дӯстиро ба сурати ошкор иброз намояд. Ин муҳаббатварзӣ дар рушди равонии духтар бисёр муассир аст. Бархе аз пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки агар миёни падару духтар меҳрубониву муҳаббат набошад, ин вазъ боис мегардад, ки замина барои бисёре аз лағзишҳову каҷравиҳо фароҳам гардад.
Дар мавриди нақши модар дар хонавода бояд гуфт, ки модар муассиртарин омили тарбия ва таъминкунандаи саломати рӯҳӣ, равонӣ ва ҷисмонии фарзандон аст. Нақши асосии модарон дар тарбия мӯҷиб шудааст, ки дар меъёрҳои ахлоқии мо ба модарон таваҷҷуҳи хосе шавад. Муҳаббати модар ба фарзанд чунон таъсиргузор аст, ки ҳеҷ чизе наметавонад ҷои онро гирад. Навозиши модар яке аз ғизоҳои рӯҳии кӯдак аст ва модар бояд ба андозаи лозим фарзанди худро аз ин ғизои рӯҳӣ баҳраманд созад. Модар аз нигоҳи равониву эҳсосӣ саршор аз муҳаббат аст ва тавоноии вижае дар ибрози меҳрубониву муваддат дорад. Агар аз ин тавоноӣ дуруст истифода шавад, дар таҳкими пайвандҳои хонаводагӣ ва чигунагии шаклгирии робитаҳои иҷтимоии фарзандон нақши созандае хоҳад дошт. Модарон, бавижа дар иртибот бо духтарон, аз коркардҳои таъсиргузори тарбиявӣ бархӯрдоранд. Равоншиносон муътақиданд, ки парвариши сифатҳое, аз қабили итминон ба хештан, иззатмандӣ, худбоварӣ, бар уҳдаи модарони хирадпешаву андешаманд аст. Чаро ки ин нисоркунандагони муҳаббат аз тариқи масире, ки бо меҳри худ роҳи пурфарозу нишеби тарбияро ҳамвор мекунанд, гоҳе тундхӯиҳо ва пархошгариҳои писаронро дар як суҳбати содаву оромбахши худ фурӯ менишинанд. Модарон, ба далели меҳрубонии зиёд, ба гилаҳову мушкилиҳои фарзандон беҳтар таваҷҷуҳ мекунанд ва роздорони боэътимод дар хонадон ҳастанд. Ба илова, модарон – дар заминаи сармашқи рафтору гуфтор ва иффату покдоманӣ будан ба духтарон – нақши бисёр муассир доранд. Пайванди ҷисмиву рӯҳиву равонии духтар ба модар бештару амиқтар аст. Духтар наметавонад худро ҷудо аз модар тасаввур кунад ва зиндагии бидуни модар барои ӯ мушкилоти рӯҳиву равонӣ ба бор меоварад.
Модар маҳрами асрори духтар аст. Чун балоғати ӯ зудтар аз писарон аст, ба ночор ниёзи шадиде ба ҳамдиливу самимият бо модар дорад ва аз назари муҳитӣ ҳам пайванди духтар бо модар бештар аз падар аст. Ба ҳамин сабаб дар парвариши равонии духтарон бояд дар онҳо масуниятеро эҷод кард, ки – дар баробари нобасомониҳо, рафторҳои ғайриахлоқӣ ва найрангбозиҳои маккоронаи ҷавонони беадаб – дар ҷомеа шахсияту ҳувияти худро аз даст надиҳанд.
Аз ин рӯ, волидайн ва, пеш аз ҳама модарон, дар равиши тарбиявии худ, илова ба муҳаббат варзидан ба фарзандон, аз хатарҳои эҳтимолие, ки дар ҳар ҷомеа бо ҳар касе метавонанд рух диҳанд, бо истифода аз намунаҳои воқеиву таърихӣ ба онҳо дарси рафтору одоби писандида диҳанд, то дар идомаи роҳи худ дучори сустию лағзиш нашаванд, шахсияту матонати худро ҳифз кунанд ва ба ҳамнавъони худ дар рафтору одоб намунаи ибрат бошанд.
Нақши модар
дар тарбияи кӯдак
Падару модар вазифа доранд, ки бо фарзанди хеш рафтори шоиста дошта бошанд. Онҳо, монанди як боғбон, ин навниҳолро парвариш дода, дар ҳадди тавони худ ӯро аз офатҳову газандҳои моддию маънавӣ ҳифз намуда, истеъдод ва созандагиҳои ӯро шукуфо сохта ба самар мерасонанд. Дар ин миён модар нақши ҳассостар ва фавқулодаеро бояд ифо кунад, заминаро барои тақвият ва рушди шахсияти кӯдак омода созад ва ӯро ҳамоҳанг бо рушду такомули ҷисмонӣ ба рушду такомули иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва, аз ҳама муҳимтар, рушду такомули ақлонӣ ҳидоят намояд. Иффат, покдоманӣ, тақвою хештандории модарон метавонанд онҳоро дар ин маврид муҳим ёрӣ кунанд ва фарзандонашонро аз фосидиҳое, ҳамчун риё, дурӯғ, нифоқ, кинаварзӣ ба ҳамнавъ ва дигар хислатҳои зишт, дур намоянд.
Покдоманию тақвои модар таъсири босазое дар ранги инсоният гирифтани кӯдак дорад. Шуҷоату шаҳомати рӯҳӣ, ҳақдӯстӣ, ҳақҷӯӣ, ниятҳои нек, андешаҳои поку виқору матонат аз ҷумлаи таъсиру баракоти иффату тақвои волидайн мебошанд.
Дар муҳити оила ва ҷомеа барҷастатарин нақши модар нақши тарбиявии ӯст. Аҳамияти ин нақш аз он ҷо равшан мешавад, ки кӯдак нахустин бор дар оғӯши модар қарор мегирад ва одобу ахлоқ ва русуми иҷтимоиро аз ӯ меомӯзад. Кӯдак аз домани модар ёд мегирад, ки чӣ гуна бо дигарон рафтор намояд ва чӣ гуна бо онҳо бархӯрд дошта бошад. Чигунагии рафтори модар ба кӯдак дар шаклдиҳии сохтори шахсиятии ӯ таъсири чашмгир дорад. Аз ин рӯ, коршиносони масъалаҳои таълиму тарбия бар нақши модар дар тарбияи фарзанд ҳамвора таъкид медоранд.
Нақши модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд бар ҳамагон равшан аст ва ниёзе бар баён надорад, зеро модар намоди рафториву ахлоқӣ барои фарзанд аст. Ҳар кори андаку бузурге, ки анҷом медиҳад, дар кирдору тарзи рафтори фарзанди ӯ бо дигарон таъсир мегузорад. Модар бо рафтори намунавии худ инсон мепарварад, фарзандро аз олами нопокиҳо, ҳасадҳо, кинаҳо ва разилиҳои ахлоқӣ дур месозад ва дар дилаш меҳру сафо ва хайрандешӣ нисбат ба атрофиён падид меоварад. Модар сарчашмаи фазилатҳову хубиҳост, ӯ дар муҳити хона метавонад дарси ростиву дурустӣ ба фарзанд диҳад ва аз кӯдаки заифу нотавон шахсияти тавонои илмиву ахлоқӣ созад ва ба хидмати ҷомеа фиристад. Ва, баръакс, агар модар ба вазифаи хеш амал накунад ва дар баробари чашмони кӯдак даст ба рафторҳои номуносибу ношоиста занад, табиист, ки кӯдак аз ӯ ибрат мегирад ва дар натиҷа мумкин аст беодобу бешахсият тарбия шавад.
Фарзандони солим, хушному бошахсият аз доманҳои солиму пок падид меоянд. Фарзанде, ки дар домани поку бофазилат рушд меёбад, заминаҳои мусоид барои соҳиб шудан ба сифатҳои некро дорад, вале агар дар муҳити фосид парвариш ёфта бошад, заминаҳои ирсӣ боздорандаи рушду тарбияи хуби кӯдак мегарданд.
Ислоҳи ихтилофҳои хонавода
Яке аз омилҳое, ки дар заминасозӣ барои тарбияи фарзандон муассир аст, талош барои пешгирии ихтилофот ва аз ҳам пошидани оила аст. Ҷанҷолу кашмакаш дар даруни хонавода ва дар байни волидайн, бидуни шак, таъсири ногувор дар рӯҳу равони кӯдак доранд ва фарзандонро дар масири осебҳову носозгориҳои иҷтимоӣ ва фардӣ қарор медиҳанд. Кӯдакон зотан ба оромиву субот дар хона майл доранд ва волидайн метавонанд бо ба кор гирифтани равишу усулҳои хосе ин оромиву суботро эҷод кунанд.
Дар рафтори тарбиявӣ ва маниши ахлоқӣ талош барои ислоҳи носозгориҳо ва рафъи ихтилофҳои дохилии хонаводаҳо қобили таваҷҷуҳ мебошад. Волидон бояд дар пеши фарзандони худ аз гирудор ва низову ихтилоф парҳез намоянд. Зеро кашмакаш ва муҷодилаи падару модар мӯҷиби заминасозӣ барои носозгориҳои фарзандонашон мегарданд.
Дар ин гуна маврид беҳтар аст, ки:
– падару модар барои барқарории оромиш дар ҳузури кӯдакон аз сарзаниши якдигар худдорӣ намуда, аз низову ҷидол парҳез кунанд;
– волидон набояд фазое ба вуҷуд оваранд, ки фарзандон маҷбур шаванд ба қазоват дар мавриди падару модарашон шаванд ё хоҳанд яке аз онҳоро ҷонибдорӣ кунанд, балки бояд муҳаббатро дар дили фарзандон афзоиш диҳанд;
– волидон дар нишастҳои оилавӣ аз матлабҳое, ки рӯҳи ҳирсу тамаъ ва бадгӯӣ аз дигаронро дар фарзандон талқин мекунанд, худдорӣ намоянд;
– усули рафтори байни падару модар бояд бар асоси хушбинӣ ва ҳусни эътимоду боварӣ бошад;
– ба ҳамдигар бо калимаҳои эҳтиромомез муроҷиат намоянд, бо суханҳои меҳрубононаву муҳаббатомез бо ҳамдигар суҳбат кунанд ва аз суханони зишту тавҳиномез ва кинаовар парҳез кунанд;
– дар ҳузури фарзандон аз мушкилоти зиндагӣ шикоят накунанд ва аз баррасии масъалаҳое, ки ғолибан ва ба таври нохудогоҳ дар зиндагӣ ба фарзандон назари манфӣ талқин мекунанд, парҳез намоянд.
Эҷоди муҳити осудаву бонишот
Муҳити тарбия бояд фазои бонишоту дилангезе бошад, то имкони он пеш ояд, ки волидон фарзандонро ба таври шоиста тарбия намуда, онҳоро ба қуллаҳои баланди ифтихору саодат расонанд. Асосан кӯдакон – бар асоси фитрати табиии хеш – ниёзманди гармтарин ибрози муҳаббат ва бонишоттарин конунҳои оилавӣ ҳастанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар оғӯши меҳрубониву муваддат ҷой гирифта, доимо хушу хурсанд бошанд. Ҳастии фарзандон омезае аз муҳаббатхоҳӣ ва шодиталабӣ аст. Мураббиёни соҳибмаърифат ва волидайни огоҳ – бо истифода аз шодиҳои саҳеҳ ва саргармиҳои солим – муҳити бонишоту дилангез ба вуҷуд оварда, ба ин васила дили фарзандонро ба даст мегиранд ва онҳоро ба сӯи рафторҳои матлубу хислатҳои сутуда раҳнамун месозанд.
Зафар Сайидзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри
Екатеринбурги Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих
16 сентябри соли 2024