Хадамоти судиҷроияи вилояти Свердловски Федератсияи Россия пешниҳоди ду сол қабл ибрознамудаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбургро мавриди татбиқи амалӣ қарор дод

10.12.2024 13:22

Хадамоти судиҷроияи вилояти Свердловски Федератсияи Россия пешниҳоди ду сол қабл ибрознамудаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбургро мавриди татбиқи амалӣ қарор дод

Пешниҳоди ду сол қабл кардаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург нисбат ба шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳукми судӣ барои қоидашиканӣ иҷборан аз қаламрави Россия ихроҷ мешаванд, билохира, татбиқи амалӣ пайдо кард. 

Субҳи барвақти 10 декабри соли 2024 судиҷрочиёни маҳаллӣ аъзои як хонаводаи тоҷикистониро дар ҳайати модар ва 8 кӯдаки ноболиғаш, ки  дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург муваққатии шаҳрвандони хориҷии Екатеринбургшаҳр қарор доштанд, ба автобуси ширкати "Хуҷандтранссервис" савор карда, ба Ватан фиристоданд.

 Аъзои ин оилаи тоҷикистонӣ бо сабабҳои объективӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои авиатсияи шаҳрвандӣ сафар карда натавонист ва, аз ин рӯ, хадамоти маҳаллии иҷрочиёни судӣ--дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург ва ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров--дар ин ҳолати вижа тасмим гирифт, ки аз тариқи истисно аз автобус истифода шавад. 

Дар робита ба ин 9 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва директори генералии ҶДММ "Хуҷандтранссервис" Рустам Қурбонов мулоқот намуда, бо онҳо ин ва дигар мавзӯъҳои ҳамкории амалиро баррасӣ кард.

rustam334.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg