Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мулоқот намуд
9 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва узви Шӯрои болозикр, директори генералии ҶДММ "Весна"-и вилояти Тюмени Федератсияи Россия Рӯзӣ Рӯзиев мулоқот намуд.
Консули генералӣ ба ҳамсуҳбатони худ барои кори муассири муштарак дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли 2024 изҳори сипос кард.
Ёқубҷон Умаров ва Рӯзӣ Рӯзиев пешниҳодҳои асосноки хешро барои воридсозӣ ба пешнависи Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои соли 2025 ироа намуданд.
Инчунин оид ба масъалаҳои мусоидат ба раванди ҷалби муташаккилонаи неруи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия барои фаъолияти муваққатии корӣ дар Ҳавзаи федералии Урал табодули муфиди афкор сурат гирифт.