Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбургшаҳр бо намояндаи шоистаи диаспораи тоҷикони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия мулоқот кард 

09.12.2024 13:36

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбургшаҳр бо намояндаи шоистаи диаспораи тоҷикони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия мулоқот кард 

9 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндаи шоистаи диаспораи тоҷикони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия, пизишки кӯдакон Муҳаммадӣ Бедимоғов, ки дар пойтахти  уралӣ барои омӯзиши таҷрибаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург қарор дошт, мулоқот намуд.

Дипломати тоҷик ба Муҳаммадӣ Бедимогов китобҳои сиёсӣ, таърихӣ ва фалсафии худро ҳадя намуда, ба ӯ дар бораи ҳадафу вазифаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва нақшаҳои фаъолияти ин сохтори ҷамъиятӣ нақл кард. 

Ба масъалаҳои тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас дар маҷрои арзишҳои муосири ҷамъиятии расман эътирофшудаи Россия ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. 

Муҳаммадӣ Бедимоғов бо қадрномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонда шуд.

doktor63.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg