Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар Намоишгоҳи санъати исломӣ суханронӣ кард
Дар нимаи дуюми рӯзи 9 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Намоишгоҳи асарҳое, ки дар Фестивали байналмилалии санъати исломӣ "Остабике—Посбони анъанаҳо" 17 октябри соли 2024 дар шаҳри Қазони Россия ба маърази намоиш гузошта шуда буданд, иштироку суханронӣ намуд.
Намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбург дар Китобхонаи байнимиллии вилояти Свердловск баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ муовини Вазири фарҳанги вилояти Свердловски Федератсияи Россия Роман Дорохин, муовини сардори шуъбаи муносибатҳои миллию динии Департаменти сиёсати дохилии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Елена Губина, ёвари намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Камолиддин Расулов, муовини аввали муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Иброҳим Ёқубов, намояндаи Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия дар шаҳри Челябинск, раиси Маркази рӯҳонии ба номи Зайнулло-эшон Расулев Раул Тухватуллин, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик “Дидор”" Мастбегим Ошурбекова, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯҳониёни мусулмони маҳаллӣ иштирок ва суханронии шодбошӣ намуданд.
Суҳбаторои маросими ифтитоҳ ва барномаи эҷодии Намоишгоҳ мудири иҷроияи Фестивали байналмилалии санъати исломӣ Иделия Ахметшина ва муовини аввали муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия имом--ҳазрат Иброҳим Ёқубов буданд.
Либосҳои занонаи мусулмонӣ ва асарҳои рассомони иштироккунандаи Фестивали байналмилалии санъати исломӣ, ки дар Қазон дар моҳи октябри соли 2024 барпо гардида буд, намоиш дода шуданд.
Ба як гурӯҳ иштироккунандагони Намоишгоҳ диплому ҷоизаҳо супурда шуданд.
Президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова бо ҷоизаи Фестивали байналмилалии санъати исломӣ дар бахши "Посбони арзишҳои ҷамъиятӣ" қадр гардид.