Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург аз Донишкадаи идораи Урал--бахши Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дидан кард ва дар толори он бо донишҷӯёни ҳамватанаш вохӯрд
12 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Донишкадаи идораи Урал--бахши Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дидан кард.
Роҳбари ин мактаби олӣ Олег Гушин дипломати тоҷикро бо самимият пазиро шуд ва оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкори судоваре сурат гирифт. Дар ин суҳбат мудири шуъбаи байналмилалии Академияи уралии президентӣ Олга Останина иштирок намуд.
Баъд аз анҷоми суҳбат бо роҳбари Академияи уралии президентӣ вохӯрии дусоатаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ҳамватанаш, ки дар ин мактаби олӣ таҳсил мекунанд, баргузор гашт.
Дар ҷараёни мулоқот бо гурӯҳи донишҷӯён дипломати тоҷик ба саволҳои онон посухҳо дод, перомуни вижагиҳо ва самтҳои фаъолияташ дар мансаби Консули генералӣ нақл кард, дар бораи нақши муҳими Федератсияи Россия дар шаклгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол, роҷеъ ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла муносибатҳои байниминтақавии ду кишвар дар самти уралии Россия, оид ба баъзе масъалаҳои ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагӣ ибрози андеша кард, ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ китобҳои худро тақдим намуд. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи байналмилалии Академияи уралии президентӣ Олга Останина ширкат варзид.
Муносиби маврид лозим ба ёдоварист, ки 19 июни соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо мудири шуъбаи байналмилалии Донишкадаи уралии идора Олга Останина мулоқот карда буд.
Мусоҳибон дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тавоҳум масъалаҳоро марбут ба идома ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Донишкадаи уралии идора ва муассисаҳои таълимии дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мубодилаҳои илмӣ ва таълимӣ, мавриди мубодилаи афкору пешниҳодот қарор доданд.
Дипломати тоҷик омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ба хотири густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар ин арса ва ҳамкории муфиди муассисаи консулӣ бо Академияи уралии президентӣ иброз дошт.
Дар навбати худ, Олга Останина назару андешаҳои худро дар бораи самтҳо ва шаклҳои рушди ҳамкорӣ бо ҳамкасбони тоҷикистонии худ баён кард.
Бояд қайд кард, ки Донишкадаи уралии идора бахши минтақавии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия буда, дар мавриди тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти давлатӣ ва соҳаи соҳибкорӣ тахассус дорад.Дар солҳои охир ин мактаби соҳибноми олӣ мавқеи худро дар соҳаи татбиқи амалии барномаҳои таълимии байналмилалӣ фаъолона мустаҳкам менамояд.Ҳоло дар ин муассиса донишҷӯён аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Сурия, Чин, Гвинея, Гвинеяи Экваториалӣ, Гаити, Конго, Кот-д'Ивуар ва дигар кишварҳои дунё--аз рӯйи барномаҳои асосии таълимӣ--таҳсил мекунанд.