Суҳбати Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари Маркази таърихию фарҳангии бошқирдӣ дар  вилояти Свердловски Федератсияи Россия 

16.12.2024 13:28

Суҳбати Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари Маркази таърихию фарҳангии бошқирдӣ дар  вилояти Свердловски Федератсияи Россия 

16 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари Маркази таърихию фарҳангии бошқирдӣ дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Светлана Кулмурзина мулоқот намуд. 

Зимни суҳбат  натиҷаҳои ҳамкориҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ судманди роҳбарони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, Маркази таърихию фарҳангии бошқирдӣ дар  вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" тайи чаҳор соли охир ба таври мусбат арзёбӣ  гардиданд.

 Дипломати тоҷик дидгоҳи худро дар бораи самтҳои асосии рушди минбаъдаи Пружаи ояндадори россиягӣ бо номи "Ҷашнвораи байналмилалии санъати исломӣ", ки, ба назари ӯ, ба манфиатҳои стратегии Россия ҳамчун тамаддуни хоссу нодири сермиллат ва сердину мазҳаб дархур аст, иброз дошт. 

Светлана Кулмурзина, тавассути Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби нодиру машҳури Ядкар Башировро, ки соли 2022 дар шаҳри россиягии Уфа ба табъ расида буд ва "Бошқирдистони бузург: решаҳои этникӣ, ташаккул ва инкишоф" унвонӣ шудааст, туҳфа кард.

bosh3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg