Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба ходимони намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна сипосномаҳои раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро биспурд

25.12.2024 16:02

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба ходимони намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна сипосномаҳои раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро биспурд

25 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, муовини муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, имом--хатиб Маҳмадюсуф Сандалов ва роҳбари ҷомеаи тоҷикистониёни базаи чаҳоруми меваю сабзавоти шаҳри Екатеринбург, ходими бонуфузи диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна Хушвахт Бедимоғов мулоқот намуд. 

Дипломати тоҷик ба ҳамсуҳбатонаш сипосномаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид ва ба ин муносибат сидқан онҳоро табрику таҳният гуфт. 

Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал бояд дар муҳити худ ба масъалаҳои густариши  худшиносию ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, муқовимат кардан ба зуҳуроти гуногуни тундгароӣ, ифротгаро ва терроризм, роҳ надодан ба исломбадбинӣ ва исломҳаросӣ аз тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ, ҳамчун душманони ашаддии фарҳанги исломӣ фошу вожгун сохтани гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии ифротӣ ва террористие, ки аз пардаи динӣ сӯйиистифода мекунанд, аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад.

imom.jpg

khush.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg