Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи ҷамъбастии маҳфили маҳаллии дипломатии "Контекст" иштирок кард

24.12.2024 16:16

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи ҷамъбастии маҳфили маҳаллии дипломатии "Контекст" иштирок кард

Дар нимаи аввали рӯзи 24 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи маҳфили дипломатӣ "Контекст" барои роҳбарону намояндагони муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва консулҳои фахрӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург сабти ном шудаанд, фаъолона иштирок кард.

Вохӯрӣ дар шакли наҳории корӣ дар тарабхонаи екатеринбургии "Итолиҳо" сурат гирифт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи сиёсии дохилии россиягӣ баррасӣ шуданд.  Дар миёни онҳо--"суҳбати мустақим"ва конфронси ҷамъбастии матбуотии Президенти Россия Владимир Путин, "суҳбати мустақим"-и Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, қабули буҷети федералӣ ва минтақавӣ дар доираи ислоҳоти андоз ва дигар натиҷаҳои асосии соли 2024.

Дар баррасию муҳокимаи масъалаҳои болозикр, ки дар доираи ҷаласаи маҳфили дипломатӣ ба зуҳур пайвастанд, муовини аввали роҳбари дастгоҳи Губернатор ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вадим Дубичев, роҳбари Маҳфили коршиносони шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои фалсафа, профессор Анатолий Гагарин, роҳбари Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёӣ Андрей Русаков, ҳамоҳангсози Пружаи маҳфили дипломатии  "Контекст" Елена Пономарева иштирок намуданд.

Дипломат ва олими тоҷик, ҳамчун нишонаи миннатдорӣ, ба ҳамаи шахсони болозикр  китоби асосии фалсафии худро таҳти унвони "Бегонашавии иҷтимоӣ--монеаи асосии озодии инсон: дидгоҳ бар асоси мантиқи диалектикӣ", ки чанде қабл дар яке аз матбааҳои беҳтарини шаҳри Челябински Федератсияи Россия бознашр шудааст, ҳадя кард.

kont-1.jpg

kont-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg