Суҳбати судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбари корхонаи илмию истеҳсолии Урали Миёна "Нефтегаздиагностика"
Дар нимаи дуюми рӯзи 24 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори генералии ҶДММ "Корхонаи илмию истеҳсолии "Нефтегаздиагностика""(сарқароргоҳаш дар шаҳри Дегтярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия воқеъ аст) Сергей Рибалко ва муовинаш оид ба тиҷорат Ирина Шамарина мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳо марбут ба ҷустуҷӯйи шарикони эҳтимолии "Нефтегаздиагностика" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки "Нефтегаздиагностика" кодир аст сифати маснуоти металлиро дақиқона муайян карда, сабабҳои аз кор баромадани таҷҳизоти дорои ҳар гуна мураккабиро, сар карда аз қубури газ то муҳаррики асинхронӣ, ошкор созад.Ба салоҳияти ҶДММ "НПП "Нефтегаздиагностика"" экспертизаи мустақили маводи дахлдор, таҷҳизоти саноатӣ ва шаҳрвандӣ шомил мебошад.
Дипломати тоҷик омодагии худро барои ирсоли расмии пешниҳодҳои ҶДММ "НПП "Нефтегаздиагностика"" оид ба роҳандозии ҳамкорӣ унвонии роҳбарияти вазорати дахлдори соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.