Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар арафаи соли нави 2025
21 декабри соли 2024 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайати порсолаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо баъзе тағйирот тасдиқ гардид.
Роҳбари созмони ҷамъиятии миллию фарҳангии тоҷикони муқими вилояти Кургани Федератсияи Россия Муҳаммадалӣ Абдурашидзода Фозилов, роҳбари ширкати екатеринбургии "Неруи қонун" Сангалӣ Орзузода Салимов, директори генералии ҶДММ "Хуҷандтранссервис" Рустам Сабзализода Қурбонов, ходими фаъолу қобили диаспораи екатеринбургии ҳамватанон Беҳрӯзҷон Холиқзода Ҳакимов, донишҷӯйи фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф. Яковлев Фаридун Наимзода ва донишҷӯйи фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳоҷагии ҷангали Урал Мирзомақсуд Мирзомансурзода Бобоев ба ҳайси аъзои нави Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург интихоб гардиданд.
Теъдоди аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба 25 нафар расонда шуд.
Ҳар як узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба самтҳои муайяни корӣ вобаста карда шуд.
Котиби сеюми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Шоимзода Соҳибов раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, ходими фаъолу шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ҳамраиси Шӯро, соҳибкору ходими шоистаи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳри россиягии Сургути Ҳавзаи мухтори Ханти--Мансийск(Югра) Мирзодавлат Миршарифов муовини раиси Шӯро ва корманди масъули Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Баҳриддин Сулаймонов котиби Шӯро бо раъйи якдилонаи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург тасдиқ гардиданд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи Нақшаи кории онро дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода, бо баъзе иловаҳо, тасдиқ намуданд.
Аксарияти кулли аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ дар мубодилаи озоду созандаи афкор иштирок намуда, ибрози назару пешниҳодоти хеш карданд.
Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (таҳҷоии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.Тазаккур ёфт, ки, мутаассифона,то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия, аз ҷумла донишҷӯёни ҳамватан, ба мушоҳида мерасанд.Чунончӣ, аз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд.Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад.Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи тарзи ҳаёти солим, фаъолияти созанда ва ободии Ватану рӯзгори хеш бошанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравӣ мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ--зодагони Тоҷикистон--барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, амалисозии чорабиниҳои гуногун ба хотири мутобиқсозии иҷтимоӣ--фарҳангии ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, ба шароиту воқеияти россиягӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии дурусту густурдаи фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Россия махсус таъкид намуд.