Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар

28.12.2024 18:40

Дар нимаи аввали рӯзи 28 декабри соли 2024 дар шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск ва Тюмени Федератсияи Россия бо иштироки кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва роҳбарону фаъолони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими минтақаи Урал тамошои телевизионии дастҷамъона ва муҳокимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.

Кормандони масъули Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди он, ходимони намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна, фаъолони донишҷӯ ва шаҳрвандони одии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қабули шаҳрвандони муассисаи консулӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо карданд.

p0.jpg

p1.jpg

p2.jpg

p3.jpg

p4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg