Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо президенти Палатаи савдою саноати Урал
Дар нимаи дуюми 26 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин мулоқот намуд.
Мусоҳибон ҳамдигарро бо фарорасии қарибулвуқӯи Соли нави мелодии 2025 табрику таҳният гуфтанд.Онҳо аз натиҷаҳои ҳамкориашон дар соли 2024 изҳори қаноатмандӣ карданд.
Андрей Беседин ба дипломати тоҷик барои ҳамкории судманд дар Сабқати маърифатӣ таҳти унвони "Россия--хонаи умумии мо, Урал Ватани дуюм аст" изҳори сипос кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳамкориҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон алъон пружаҳоро дар бахшҳои энергетика, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, илму маориф фаро мегиранд.