Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбарони Бунёди "Идея"

27.12.2024 18:01

Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбарони Бунёди "Идея"

27 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти Бунёди фаъолнокии иҷтимоӣ "Идея"("Ғоя")--и вилояти Свердловски Федератсияи Россия Михаил Самохин ва узви раёсати ин Бунёд Элмира Самохина мулоқот намуд.

Дар мулоқот президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова иштирок кард. 

Дар ҷараёни суҳбат ҳамкории муассисаи консулӣ, Бунёди "Идея" ва Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, чун "хеле хуб" арзёбӣ гардид. 

Шакли мусбату муассири корӣ пулҳои онлайнии маърифативу фарҳангии миёни мактаббачагони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Дар яке аз чунин пулҳои онлайнӣ дар гимназияи шаҳри Полевскойи вилояти Свердловск дар миёнаи октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, Президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова ва ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ширкат варзида буданд. 

Ҳамсуҳбатон мувофиқ бар он буданд, ки дар соли нави 2025 ҳамкории муфиди иҷтимоиро идома дода, ба татбиқи амалии пружаҳои фарҳангию маърифатӣ дар миёни кӯдакон аз оилаҳои тоҷикистониёни муқими минтақаи Урали Миёна, аз ҷумла оид ба омӯзиши забони русӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

d-1.jpg

d2.jpg

d3.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg