Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узви Ҳукумати вилояти Свердловск

27.03.2020 15:02

27 марти соли 2020 дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов - бо ибтикори ҷониби россиягӣ - мулоқот намуд.

Суҳбат дар фазои гарми дӯстию ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Тазаккур дода шуд, ки тайи даҳсолаи ахир робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон бо минтақаҳои Федератсияи Россия – ҳамчун ҷузъи маҷмуи муносибатҳои байнидавлатӣ – дар арсаи ҳамкориҳои ду кишвар нақши муҳиму назаррасро касб кардаанд ва ин тамоили мусбат сол ба сол тақвият меёбад.

Дар ин иртибот Зафар Сайидзода изҳор дошт, ки аз нигоҳи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон вилояти Свердловск – дар миёни дигар минтақаҳои Россия – тамоми имконотро дорост, ки ба яке аз ҷойҳои аввал барояд.

Бо ин дидгоҳи дипломати тоҷик розӣ шуда, Василий Козлов гуфт, ки вилояти Свердловск ва Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳам ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳам робитаҳои фарҳангию башарӣ имконоти фарох доранд. Ба хотири роҳандозии ин гуна ҳамкориҳо заминаи боэътимод бояд гузошт. Сухан дар бораи дар Тоҷикистон доир сохтани ҳамоиши соҳибкорони тоҷику вилояти Свердловск, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки фарҳангию башарӣ ва барномаҳои дуҷонибаи соҳаи илму маориф, ба мавзеи Урал ташриф овардани гурӯҳи бонуфузи ходимони фарҳангу илми тоҷикистонӣ меравад, тавзеҳ дод Василий Козлов.

Ҷонибҳо омодагии худро ба дӯстию ҳамкорӣ ба хотири пешбурди шарикии стратегии ду кишвар аз руйи ин ва дигар масъалаҳои мубрами муносибот, аз ҷумла дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск, баён намуданд.

Дар ин бора аз Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург иттилоъ доданд.

IMG-20200327-WA0017.jpg

IMG-20200327-WA0031.jpg

IMG-20200327-WA0003.jpg

IMG-20200327-WA0011.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg