Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Вазири равобити байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов нома гирифт, ки дар он ба дипломату олими тоҷик барои ташаббусҳояш оид ба боло бурдани сифати маърифати умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ меоянд, инчунин барои мусоидат дар интишори маълумоти холисонаю боэътимод дар бораи таърихи Россия изҳори сипос шудааст. Дар номаи Вазир гуфта мешавад, ки китоби таълимӣ таҳти унвони «Таърихи Россия.Маводҳои эзоҳӣ » дар ҳаҷми 220 саҳифа, ки доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода ҳаммуаллифу ҳаммураттиби он мебошад, дар доираи барномаи губернатории чорабиниҳо оид ба нашри маводи маълумотномавӣ ҷиҳати омодасозии шаҳрвандони хориҷӣ ба супоридани имтиҳон аз таърихи Россия, ки қонунгузории амалкунандаи ин кишвар онро пешбинӣ кардааст, бо теъдоди қобили мулоҳиза дар ояндаи наздик нашр хоҳад шуд.